Як сарбози қаторӣ барои саркашӣ аз хизмати ҳатмӣ барои ду сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ бо мақсади маъюб сохтани узвҳои дарунияш аввал 7 ва баъдан 10 адад сангпораи ҳаҷман гуногунро фурӯ бурда, мехостааст, ки “бо бемории сохта муваққатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад”.

Дар ҳукми Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе ин амали сарбоз “ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наовардан” арзёбӣ шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти суди мазкур, хизматчии ҳарбӣ, сарбози қаторӣ Ибрагимов О. И. 12-уми ноябри соли 2019 аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ (Агентии таъминоти амволи махсус, ки вазифааш таъмини артиш бо маҳсулоти кишоварзӣ аст) сафарбар карда шудааст. Ӯ хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии мазкур иҷро карда, дар ин муддат ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, 24-уми декабри соли 2019 ҳангоми дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан қарор доштанаш, баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо роҳи узвмаъюбкунӣ бо бемории сохта муваққатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад.

Бо ин мақсад, номбурда 7 адад сангпораи ҳаҷмашон гуногунро фурӯ бурда, бо ҳамин роҳ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш дур шуда, санаи 28-уми декабри соли 2019 дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ шудааст. Илова бар ин, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, бо мақсади аз иҷрои хизмати ҳарбӣ тамоман саркашӣ кардан, дар назди даромадгоҳи шуъбаи 1-уми ҷарроҳии Беморхонаи ҳарбии мазкур санаи 31.12.2019 боз 10 адад сангпораро фурӯ бурдааст.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 12-уми феврали соли 2020 Ибрагимов Отабек Исмоилович бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум гардидааст.

Манбаъ ба ҷуз “тоб наовардани сарбоз ба шароити хизмати ҳарбӣ” маълумоти дигар надодааст ва сабабҳои даст задани сарбоз ба чунин амал номаълум аст, аммо миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳси вуҷуди “дедовшина” дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар доғ аст.

Ҳамасола дар ду мавсим — баҳору тирамоҳ ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар карда мешаванд.

Маҳз дар ин ду мавсим, ки думоҳиро дарбар мегиранд, ибораи даъвати маҷбурии ҷавонон, ё ба истилоҳ ”облава”, миёни ҷомеа серистеъмол мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here