Дар арафаи рӯзи истиқлолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ҳар сол 1 сентябр таҷлил мегардад, маросими кушодашавии роҳи байни Сӯх-Риштон дар фазои мутантан баргузор шуд. Ин маросим дар ду минтақаи роҳи Сӯх-Риштон роҳандозӣ шуд.
Маросими якум дар посгоҳи марзии “Қайтпас”-и Қирғизистон ва “Риштон”-и Фарғона ба вуқӯъ пайваст. Дар он сарварони вилоятҳои Фарғона ва Боткент иштирок карданд. Суханҳои зиёди баландпарвоз гуфта шуд ва нисбати ҳамдигар меҳру муҳаббат ва самимият баён гардид. Садои карнаю сурнай, рақсу бозӣ ва табриккуниҳо хеле доман фарох кард.
Мисли ҳамин дар болои пули деҳаи Тӯли ноҳияи Сӯх, ки ду самти марзро васл мекунад, садҳо нафар сӯхиён бо хурсандӣ ҷамъ омаданд. Ҳокими ноҳияи Сӯх Фаррух Ӯсаров бо ҷамъи дастандаркорони ҳокимият ва карнаю сурнай он ҷо ҳозир буд. Маълум нест, ки чаро шахсони расмии ҷониби қирғиз дар ин маросим ширкат накарданд. Танҳо як гурӯҳ сокинони деҳаҳои кӯчаки атрофи қирғизнишин бо раиси худ ҳамчун меҳмони азиз истиқбол гирифта шуданд.
Ин ҷо низ дар бораи дӯстиву рафоқати ду халқ суханҳои пурдабда гуфта шуд. Садои карнаю сурнай ва дафу доира баланд гардид. Аммо…
Ҳайҳот, ҳамааш хобу хаёлеро монду бас. Ҷониби ҷирғиз эълон кард, ки барои кушодани роҳи Сӯх-Риштон чанд омили муҳим мавҷуд аст, ки бояд ҳаллу фасл шавад. Ноиби нахуствазири қирғиз Ҷениш Раззоқов гуфтааст: “Дар ин ҳудуд корҳои зиёд бояд амалӣ шаванд. Пеш аз ҳама, масъалаҳое бояд ҳаллу фасл ёбанд, ки ба иттиҳодияи иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо бастагӣ доранд. Ҷониби Қирғизистон, барои он ки ба ин Иттиҳодия пайваст шавад, бояд ӯҳдадориҳои худ перомуни масъалаҳои амнияти фитосанитарӣ, ветеринарӣ ва амсоли онро иҷро кунад. То ҳаллу фасли ин масъалаҳо роҳи Сӯх-Риштон кушода нахоҳад шуд”.
Ин буд натиҷаи доду ғиревҳо ва шодиву нишоти мардуми Сӯх, ки шаш сол боз кушода шудани ин роҳро интизорӣ мекашид. Баргузор кардани маросимҳо, карнаю сурнайкашиҳо, рақсу сурудхониҳо, табрику шодбошиҳо мисле, ки бардурӯғ буданд. Шояд суханҳо дар бораи дӯстиву рафоқати байни ду халқи ҳамҷавор низ чандон пояи воқеъӣ надоштанд.
Чашмандозе мекунем ба ҳодисаҳои марбут ба басташавии роҳи Сӯх-Риштон дар шаш соли қабл. Ин роҳ то марзи Сӯх ба масири 40 километр тӯл кашида, равуокунандагон қаламрави хоҷагии Бургандӣ ва чанд деҳи кучаки кишвари ҳамҷавори Қирғизистонро убур мекунанд. Роҳи Сӯх-Риштон аз соли 2013 ба ин сӯ барои мардуми Сӯх баста буд ва он мушкилоти равуои ин мардуми тоҷиктаборро то кунун ба бумбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.
Дар шаш соли охир муроҷиатҳои бисёркаратаи мардуми ноҳияи Сӯх ҷиҳати кушодани ин роҳ ба таъвиқ меафтод. Далел чунин буд, ки Ӯзбекистон кушодани роҳи Сӯх-Риштонро яктарафа ҳаллу фасл карда наметавонад ва бо ҷониби Қирғизистон гуфтушунид мебарад.
Роҷеъ ба масъалаи кушодани ин роҳ ва аз бумбаст раҳо кардани мардуми Сӯх борҳо бонги изтироб зада шуд. Аз ҷумла, рӯзномаи муштараки Парлумон ва Девони Вазирони кишвар -“Овози тоҷик” мақолае бо номи “Роҳи Сӯх-Риштон кай кушода мешавад?” дарҷ кард, ки муаллифи он то чи андоза муҳим будани кушодашавии ин роҳро барои мардуми ноҳияи Сӯх таъкид мекард.
Ҳамчунин шабакаҳои мухталифи интернетӣ дар ин маврид бонги изтироб задаанд, вале аз ин сару садоҳо муроде ҳосил нашуд. Ҷониби Қирғизистон дар кушодани ин роҳ иқдом намекард. Ҳамаи монеъагузориҳои ҳамсояҳо дар шаш соли охир ба он далел сурат гирифта буд, ки сокинони деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх нагузоштанд қирғизҳо симчӯбҳои барқашонро дар майдонҳои кишти қаламрави деҳаи мазкур насб кунанд.
Раиси ҳамонвақтаи ҷамоати шаҳрвандони Ҳушёр борҳо дар бораи ташаннуҷи вазъ ба собиқ ҳокими ноҳия Таваккал Раҳимов, идораҳои ноҳиявии интизомиву амниятӣ муроҷиат кард, аммо ин ҳама нодида гирифта шуд. Баъд мардуми деҳа маҷбур шуд, ки алайҳи ғасби заминҳои худ бархезад. Дар дасти ягон нафари онҳо силоҳ ё белу каланд набуд. Сарбозони қирғиз аввал ба ҳаво тирпарронӣ карданд, баъд ба ҷониби мардум аз мусалсалҳо оташ кушоданд. Аммо марзбонони ӯзбек ба ин тахрибкориҳо вокуниш нишон надоданд ва ба ҳифзи мардум нашитофтанд.
Доду ғирев бархост ва се нафар ҳушёриҳо аз тири сарбозони қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Баъди гуфтушуниду музокираҳо вазъият ба эътидол омад, аммо дар айни вақт ҷавонони деҳаи Ҳушёр чанд мусофири қирғизро ба иллати тирпарронии сарбозонашон гаравгон гирифтанд. Панҷ мошини онҳо осеби ҷиддӣ дид.
Қирғизҳо аллакай тамоми роҳҳои тронзитӣ ба ҷониби ноҳияи Сӯх ва деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғонаро бастанд. Ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев ҳамон ҷо буд ва аз ҳушёриён даъват кард, ки гаравгонҳоро раҳо кунанд. Гаравгонҳо раҳо карда шуданд. Расонаҳои Қирғизистон тамоми ҳодисаро якҷониба баррасӣ мекард ва қирғизҳоро бегуноҳ мешуморид.
Бештар аз ду моҳ вақт сипарӣ шуд. Вазъ андак ба эътидол омад.
Гуноҳҳо ба дӯши мардуми Сӯх гузошта шуданд ва онҳоро маҷбур карданд, ки пул ҷамъоварӣ кунанду ба қирғизҳо панҷ мошини дигар харида диҳанд. Аз аксарияти мардуми Сӯх, хусусан, ҷавонмардони ҳушёрӣ забонхат гирифта шуд, ки дар ҳар гуна вазъият ба қирғизҳо осеб намерасонанд.
Беш аз ду моҳ ноҳияи Сӯх дар муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифт. Қирғизҳо ҳамаи роҳҳои ба маркази вилоят — шаҳри Фарғона васлкунандаро баста буданд.
Ҳайратовараш ҳамин буд, ки ду сокини ноҳияи Сӯх бар асари беморӣ дар бемористони вилоятӣ ва шаҳри Тошканд фавтиданд. Мебоист ҷанозаи онҳо ба зодгоҳашон интиқол меёфт, то ки тибқи таомулу суннатҳои мардумӣ ҷасади онҳоро аъзои хонавода ва аҳли деҳ ба хок супоранд. Кор ба ҷое расида буд, ки барои интиқоли ҷасади сокини деҳаи Ҳушёр Уктам Давлатови 68-сола ба зану фарзандони ӯ иҷозаи убури марзи Қирғизистонро надоданд.
Ҷанозаи ӯро дар ивази пули зиёд қирғизҳо то посгоҳи марзии ноҳияи Сӯх интиқол доданд. Ҳамин гуна ҷасади як сокини деҳаи Девайрони ин ноҳия низ ба ҳамин васила аз Фарғона ба деҳа интиқол ёфт.
Ҳамчунин, як сокини ноҳияи Сӯх, ки мебоист ба тавофи хонаи Каъба равад, зимни убури марз аз ҷониби қирғизҳо боздошт гардид ва чанд моҳро дар маҳкама сипарӣ кард. Ин дар ҳолест, ки байни ду кишвар то ду моҳ низоми раводид барҳам хӯрдааст. Ӯро низ қирғизҳо дар ивази маблағҳои зиёд аз банд раҳо карданд.
Ҳамон моҳҳои масдудшавии роҳ онҳое, ки барои иҷрои коре ё аёдати бемор ба Фарғонаву Тошканд ва шаҳрҳои дигар рафта буданд, натавонистанд ба Сӯх баргарданд. Онҳо чанд муддат дар хонаҳои хешу табор “меҳмон” шуданд, ёки дар хобгоҳҳо ду моҳро бо сарсониву саргардонӣ гузаронданд. Меҳмононе, ки ба маросими тӯй ё ягон чорабинии хешовандон ба ноҳияи Сӯх омада буданд, ноилоҷ беш аз ду моҳро дар Сӯх сипарӣ карданд.
Ҳокими вилояти вақти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев, ки дар айни авҷи низоъҳо ба ноҳияи Сӯх омада буд, маҷбур шуд, ки чанд рӯз он ҷо бимонад. Баъд бо дахолату мусоидати мақомоти болоии Ӯзбекистону Қирғизистон Шӯҳрат Ғаниев тавассути чархболи низомӣ ба маркази вилоят интиқол дода шуд.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо дар қарни21, дақиқтараш моҳҳои январу феврали соли 2013 ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҳамон вақт то кунун роҳи Сӯх-Риштон билкул баста буд. Ҳарчанд вазъият ба эътидол омад ва равуо муназзам, вале танҳо аз тариқи як посгоҳ сурат мегирифт, касе дар фикри кушодани роҳи Сӯх-Риштон набуд.
Баъди гуфтушунидҳои бардавом ҷониби Қирғизистон барои кушодани посгоҳи марзиву гумрукии Қадамҷои вилояти Боткент иҷоза дод. Мардуми Сӯх ин муддат маҷбур буданд, ки ба ҷои 45-50 километр-фосилаи бештар аз 130 километрро тай кунанд ва худро ба шаҳраки Водили ноҳияи Фарғона расонанд.
Дар тӯли бештар аз шаш соли сипаришуда боз чанд ҳодисаи нохушу ногувор рух дод. Гуфта мешавад, одамони зиёд, хусусан пиронсолон, занҳои кӯдаки ширхорадор, беморон соатҳо дар навбат меистоданд, то ки посгоҳи марзиву гумрукии қирғизҳоро гузаранд. Ногуфта намонад, ки бар асари баланд шудани фишори хун ва бурузи бемориҳои дигаре, ки барои ҷони инсон хатарнок буданд, ду нафар то бемористон нарасиданд ва дар роҳ ҷони худро аз даст доданд.
Боз шудани роҳи Сӯх-Риштон маҳз барои ҳамин аз орзуву ормонҳои мардуми ин ноҳияи тоҷикнишини вилояти Фарғона ба шумор меравад. Дар мавриди кушодани ин роҳ борҳо гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, чанд бор дар Тошканду Бишкек, Фарғонаву Боткент мулоқотҳо ба вуқӯъ пайвастанд, аммо натиҷа маълум нест. Дар ин байн дастандаркорони ҳокимияти ноҳияи Сӯх чанд бор ба мардум эълон карданд, ки фалон сана роҳи Сӯх-Риштон кушода мешавад. Вале он ҳамеша ба ваъдаи хушку холӣ мубаддал мешуд.
Аз ҳавлиам то шаҳри Риштон наздики сиву панҷ километр фосила мавҷуд аст. Аммо барои равуо ба хонаи хешу табори риштониам беш аз 180 километр ва шояд аз он ҳам бештар масофаро тай кунам,-мегӯяд сокини деҳаи Тӯли ноҳияи Сӯх Бурҳонҷон Расулов.-Хурсандиамон дер давом накард. Роҳи Сӯх-Риштон кушода нашуд ва мо маҷбурем ҳамин мафоаи дуру дарозро ба такрор тай кунем. Магар ҳамин аст расми ҳамсоягарӣ?!
— Аз дурии роҳ ҳамаи сокинони деҳаи мо низ ба танг омадаанд. Фикр карда будам, ки тарафҳо ба тавофуқ расиданду ин мушкилоти бисёрсола ҳаллу фасл гардид. Аммо тушбераро хом шумурдаем. Дар сурати кушода шудани ин роҳ нарху наво дар бозорҳои мо хеле арзон хоҳад шуд. Зеро ронандагон маҷбуранд, ки ҳаққи хидмат ва интиқоли ин маводро аз будаш бештар гиранд,-иброз дошт сокини деҳаи Умбара Нарзиддин Шарофиддинов.
Метавон таърихчаи монеагузориҳову роҳбандиҳо, таҳқиру фишор болои мусофирони сӯхӣ аз ҷониби ҳамсояҳои онҳо дар муддати шаш соли охирро аз ин ҳам бештар идома дод. Аммо ба умеди он ки боз шудани роҳи Сӯх-Риштон ин нобасомониҳоро аз байн мебарад ва минбаъд аз ҷониби ҳамсояҳои қирғиз рисолати ҳамсоягарӣ рияо мегардад, аз шарҳу тафсилот ва зикри нукоти дигар худдорӣ меварзем.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори хоси “Фараж”, Тошканд-Риштон-Тошканд