Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017-ум 242 аризаи хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст, ки муроҷиати онҳо бештар ба гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, талоқ, тақсимоти амвол, пайдо кардани ҷойи кор, таъмини гардонидан бо ҷойи зист, рӯёнидани алимент, расонидани кӯмаки моддӣ марбутанд.

Раиси кумитаи мазкур Идигул Қосимзода имрӯз, 14-уми феврал дар нишасти матбуотии кумита дар ин бора ба хабарнигорон иттилоъ дода, гуфт, дар баробари ин соли сипаришуда 891 шаҳрвандро худаш бевосита қабул кардааст, ки 130 нафараш мардҳо будаанд. Ӯ гуфт, аз ҷониби муовинонаш 130 шаҳрванд қабул карда шудаанд, ки дар миёни онҳо низ 8 мард будааст.

Ба гуфтаи Қосимзода муроҷиати мардон асосан аз нофаҳмиҳои байни зану шавҳар иборат аст. Ӯ гуфт, нофаҳмиҳо миёни марду зан пас аз пайдо шудани амроз дар занҳо ба вуҷуд меояд. «Муттаасифона, занон ба духтур муроҷиат намекунанд, ки ин боиси норозигии шавҳар мегардад». Раиси Кумитаи занон гуфт, кӯшиши зиёд кардаанд ва чанде аз чунин ҳолатҳоро ҳам дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ бартараф кардаанд.

— Рӯзе як мард ба мо муроҷиат карда гуфт, ки занаш бо ӯ хоҳиши зиндагӣ кардан надорад. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки дар вохӯрии оянда занашро ҳамроҳ биёрад. Вақте бо занаш дар алоҳидагӣ суҳбат кардам, дар ҳақиқат ба бемориҳои занона гирифтор будааст. Мо маркази ташхиси тиббӣ, ки барои занҳо ройгон аст, дорем. Тӯли 10 рӯз занро бистарӣ ва табобат кардем. Пас 10 рӯз мард омад ва дар утоқи ҳуқуқшиносон интизор шуд. Вақте рӯзи 10-ум, пас муолиҷа занро ба кумита оварданд, суоли аввалинаш ин буд: «Шавҳари ман наомадааст, муаллима?». Яъне меҳру муҳаббат байни онҳо буд, вале фақат беморӣ онро халалдор мекард. Ҳангоме ки шавҳарашро ба наздаш овардем, хурсанд шуд, — гуфт Қосимзода.

Раиси кумита пайдо шудани чунин оризаҳоро дар занон ба надоштани шароити хуби гигиенӣ дар хона рабт дод. Ӯ дар илова ба қаҳрамони қиссааш гуфт, «вақте аз шароити хонааш, ки дар як деҳоти дурдасти шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекарданд, шинос шудем, онҳо ҳатто як ҳамоми хуб надоштаанд».

Қосимзода ҳамин тавр мушаххасан нагуфт, ки боз кадом омилҳо тавонистанд боиси шикояти мардон ба кумита гарданд, вале муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар суҳбати алоҳида гуфт, шикояти мардони низ ба кумита айнан ба шикояти занон монанд аст.

-Норозигӣ аз рафтори зан, дахолати хешу табори зан, зӯроварӣ аз ҷониби хешони зан, падарарӯсон аз беэҳтиромии келин, мард хоҳиши барқарор кардани зиндагии якҷояро дорад, вале зан намехоҳад ва ғайраҳо, — гуфт Олимӣ.

Қосимзода ҳамчунин гуфт, ба кумита муроҷиати занҳо дар мавриди дузанагӣ ва ё аз он ҳам зиёди шавҳаронашон ворид шудааст, вале на аз ҷониби занҳои мансабдорон, балки аз тарафи занҳои соҳибкорон шикоятҳо бештаранд.

Бино ба омори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар як соли охир 1480 зан вобаста ба хушунати оилавӣ ба кумита шикоят овардаанд, ки 281-тои он ба суд рафтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here