Ахиран дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Леваканд ба қазияи дар зимистон бо либоси тобистона ба пешвози меҳмонон баромадани духтарони ин маҳал равшанӣ андохта шуд.

Раиси шаҳри Леваканд Самизода Санавбар, рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони сафорати Ҷумҳурии Украина корхонаи коркарди ширро мавриди ифтитоҳ қарор дод.  Дар расми баҳрабардорӣ раис ва меҳмонон бо палтову либоси зимистона намудор шуданд, аммо духтароне, ки барои истиқболи меҳмонон омада буданд, дар тан либоси тобистона доштанд. Чунин рафтор ва муносибати роҳбари шаҳри Леваканд боиси баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Леваканд Самизода Санавбар рӯзи 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт: «Рӯзе, ки намояндагони давлати Украина омада буданд, барф набуд. Кӯдаконро мо дар як завод  нигоҳ доштем. Танҳо 15 дақиқа пеш аз омадани меҳмонон мо либоси кӯдаконро кашида, бо либоси тобистона ба берун, ба пешвозгири овардему халос».

Коршиносони маҳаллӣ мегуянд, ки ҳоло фасли зимистон аст, муҳим барф будан, ё набудан нест. Ҳаво дар зимистон  сард аст ва муҳим саломатии кӯдакон аст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here