Набудани «некролог» дар телевизионҳои тоҷик, бахусус ТВ «Сафина», ки фарҳангӣ аст, мавзуи баҳси дигари нишасти матбуотии ин ниҳод гардид.

Муҳаррири шуъбаи фарҳанги ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Одили Нозир бар он назар аст, ки телевизионҳои Тоҷикистон дар ҷаҳон ягона телевизионе ҳастанд, ки аз даргузашти бузургтарин ходимони фарҳанг, ҳунармандону санъаткорони хизматнишондодаи кишвар бетафовутӣ мекунанд ва дар рӯзи вафоташон «некролог» намедиҳанд ва таъзия баён намекунанд.

— Ман мушоҳида кардам, ки дар соли 2018 танҳо дар рӯзи вафоти устод Бозор Собиру устод Муъмин Қаноат «некролог» додед, ки ин ҳам дастури ҳукумат буд. Аммо мушкил дар чист, ки бузургтарин актёри тоҷик Марат Орипов ва Исо Абдурашидов, ки 21 сол роҳбари театри Лоҳутӣ буд, аз дунё гузаштанд, вале касе як ҷумла гап намезанад. Ман намедонам, барои чӣ дар Тоҷикистон мардум ин қадар беқадр? — савол гузошт Одили Нозир.

Директори ТВ «Сафина» Носир Саидов гуфт, «барои додани «некролог» дар телевизион ягон монеа нест, вале мо ҳам дар рӯзи фавти Марат Орипов ва Исо Абдурашидов сюжет карда будем, ман худам ҳам «интервю» дода будам ва ҳамчунин, филм ҳам ба эфир додем».

Аммо дар хусуси додани «некролог» дар барномаҳои иттилоотӣ ҷавоби мушаххасе аз ҷониби роҳбарияти ТВ «Сафина» шунида нашуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here