Имрӯз, 9-уми сентябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад, ширкат кард.

Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Русия, Ҷопон, Британияи Кабир, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо инъикос карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шинос шуд, сипвс аз сарбанди нерӯгоҳ боздид ба амал овард. Сарбанди Роғун то сатҳи 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст ва дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмон рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст. Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр расонида шудааст ва он имкон фароҳам меорад, ки ду агрегати навбати аввали нерӯгоҳ фаъолият кунанд. Дар обанбори “Роғун” то имрӯз ҳамагӣ тақрибан  200 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст.

Мавзеъҳои дигаре, ки сарвари давлат бо ҷараёни кор дар он шинос шуд, иншооти нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи назоратии рақами 5а, мавзеи  сарбанди нерӯгоҳ ва нақби сохтмонии СТ-3 буданд.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор даровард. Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here