Ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ишкошим-Лангар-Тускул», дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст. Дар ин бора ВКД иттилоъ медиҳад. 

Ин ҳодиса рӯзи 20-уми июли соли равон, тахминан соати 12:30-дақиқа рух додааст.  Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Голопер», Маликмамадов Нозим Айдармамадович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Ямгии ноҳияи Ишкошим, аз уҳдаи идора намудани нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Савлатов Гулмамад, соли таваллудаш 1954, Савлатов Санавбар Гулмамадович, соли таваллудаш 1982, Саидбекова Гулбоғ Музафарбековна, соли таваллудаш 1960 ва Савлатов Абдулмамад Давлатович, соли таваллудаш 1960, сокинони деҳаи Ямгӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи деҳаи Вранг ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири дигар шаҳрванд Солиев Аловат Давлатович, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Ямгӣ, дар ҳолати вазнин дар беморхонаи деҳаи Вранг бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here