Вохӯриҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд, ки ҳангома ҳам доштанд, аммо ба назар ҳамааш муқаррарӣ метобад.

Бозии ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Душанбе-83» ва «Истиқлол» бо натиҷаи 3:2 ба нафъи аввалӣ анҷом ёфт. Кӣ гумон мекард, ки як дастаи Лигаи якум меояд ва дар нимфинал «Истиқлол»-ро шикаст медиҳад? Ҳарчанд, намояндаи Лигаи якум ғолиб омад, аммо ба даври дигар роҳ наёфт, зеро аз натиҷаи ду вохӯрӣ футболбозони дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 5:3 комёб шуданд. Голҳои задаи Элчибек Рашидбеков, Калеб Авуку ва як худголи (автогол) Артём Барановский «Душанбе-83»-ро ба пирӯзӣ расонид. Дар навбати худ Артём Барановский ва Ҷаҳонгир Абдулмӯминов ба се голи мизбонон бо ду гол ҷавоб гардониданд.

Футболбозони дастаи «Хуҷанд», ки дар бозии аввал дар сафар бо натиҷаи 1:0  бар «Регар-ТадАЗ»  ғалаба карда буданд ва дар анҷоми бозӣ аз ҷониби сармураббӣ ва бозигарони шаҳри Турсунзода латукӯб ҳам шуда буданд, дар майдони хуб шояд аз оқибати даъвои навбатӣ андеша карданд, ки «Регар-ТадАЗ»-ро меҳмондорӣ карданд. Онҳо дар майдонашон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, ба дастаи «Регар –ТадАз» роҳро ба бозии ниҳоӣ боз карданд. Тӯбҳоро дар ин вохӯрӣ Фарҳод Тоҳиров аз «Хуҷанд», Ойбек Абдуғаффоров  ва Амирҷон Сафаров аз «Регар –ТадАЗ» ба ҳадаф расониданд.

Ба ҳамин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» бо  «Регар-ТадАЗ» қувва месанҷад. Ин вохӯрӣ 27-уми октябр, соати 14:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here