Чор чӯпон дар ноҳияи Деваштич пас аз нӯшидани шароб байни якдигар даъво карданд, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд. Ҳамаи ин ба сужаи як филм шабоҳат дорад, аммо мутаассифона ҳақиқат буда, дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Чӯпонҳои ҷамоати деҳоти Даҳқати ноҳияи Деваштич М.А. соли таваллудаш 1971, Б.З. соли таваллудаш
Аз ин ҳолат М.С. бо фикри он, ки М.А. метавонад оиди ҳодисаи рух дода, ба наздикони Ҷ.Б. хабар диҳад, қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро кашида, дар якҷоягӣ бо Б.З. ин ҳамроҳашонро латукӯб мекунанд. Дар натиҷа М.А. низ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Нисбати шаҳрвандон Б.З. ва М.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.