Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” вохӯрииаввалинашро бо дастаи мунтахаби Қирғизистон баргузор мекунад, ки онро ҳайати доварон аз Қатар ҳакамӣ хоҳанд кард.

Сардовари ин бозӣ реферии 37-солаи FIFA Хамис Муҳаммад Ал-Куварӣ таъйин шудааст. Бо ӯ ҳамватанонаш — ёварони реферии FIFA Юсуф Ориф Ал-Шаммарии 29-сола ва Заху Снайд Ал-Шаммарии 24-сола дар канорҳои майдон доварӣ хоҳанд кард. Рефери FIFA Аҳмад Ал-Алии 35-сола аз Кувайт ба ҳайси довари эҳтиётӣ хидмат мекунад. Кадхум Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Башир Шафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.

Ин вохӯрӣ 5-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 19:00, оғоз мешавад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон бозӣ мекунад.

Добавить комментарий