20-21 сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои лоиҳа — Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, шарикони рушд — Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Департаменти давлатии ИМА, Агентии рушди байналмилалии ИМА, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, коршиносони Барномаи минтақавӣ оид ба ҳамкории энергетикӣ (Energy Links) ва Котиботи лоиҳа ширкат карданд.
Ҳайати тоҷикистониро дар ҷаласаи мазкур Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, дар ҳайати мазкур ҳамзамон муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода, раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода ва муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи президент Баҳодур Саидзода шомил буданд.
Зимни ҷаласа паҳлуҳои гуногуни ҷараёни омодасозии Лоиҳаи CASA-1000 ва гузариш ба марҳилаи пурраи сохтмонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа 5 қарордод ба имзо расонида шуд.
Ҷиҳати таъмини назорат ва ҳамоҳангсозии иншооти ҷараёни тағйирёбандаи Лоиҳа қаблан байни ширкатҳои энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон ва ширкати Моненкои Эрон шартномаҳои дахлдор (дар алоҳидагӣ) ба имзо расонида шуда буд.
Дар чорчӯбаи вохӯрии мазкур як зумра вохӯриҳои дуҷонибаю сеҷониба ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманди минтақавӣ бо шарикони рушд гузаронида шуд.
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ ва имзои шартномаҳои пудратӣ дар тамоми қисматҳояш расман ба марҳилаи сохтмон гузашт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ва шарикони рушд бо такя ба таҷрибаи муваффақи лоиҳаи CASA-1000 омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда дар соҳаи энергетика иброз намуданд.