Наврасони футболбози то 16-солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар варзишгоҳҳои Душанбеву Ҳисори Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) ширкат доранд.

Дар мусобиқаи наврасони то 16-сола футболбозон аз Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат дораанд. То имрӯз ҳар кадоме аз дастаҳо ду бозӣ гузаронданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар вохӯрии якум бо дастаи Узбекистон мусвоӣ (1:1) кард ва дар бозии дуюм дастаи наврасони Қирғизистонро шикаст (2:0) дод.

Дастаи мунтахаби наврасони Эрон дар ду бозӣ (бо Туркманистон 3:1 ва Узбекистон 2:1) пирӯз шуда, бо 6 имтиёз дар ҷадвал пешсаф аст. Наврасони Тоҷикистон бо 4 имтиёз даро зинаи дуюм. Бачаҳои Афғонистон ҳам 4 имтиёз доранд ва дар зинаи сеюманд. Ӯзбекистон ва Қирғизистон якимтиёзӣ доранд, Туркманистон имтиёзе ба даст наовардааст.

Вохӯриҳои даври сеюм имрӯз баргузор мешаванд. Соати 18:00 наврасони Тоҷикистон бо Туркманистон дар Душанбе ва дар ҳамин соат наврасони Қирғизистон бо Узбекистон дар Ҳисор бозӣ мекунанд. Эрон бо Афғонистон соати 20:30 дар Душанбе вомехӯранд.

Ҷ  Дастаҳо В П М Б Т\т И
1 Эрон 2 2 0 0 5-2 6
2 Тоҷикистон 2 1 1 0 3-1 4
3 Афғонистон 2 1 1 0 3-2 4
4 Узбекистон 2 0 1 1 2-3 1
5 Қирғизистон 2 0 1 1 2-4 1
6 Туркманистон 2 0 0 2 1-4 0

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here