АИ «АП» аз қавли наздикони Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ки ҳукми нави вакили зиндониро суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста ва дар Боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе бе ҳузури аъзои хонаводаву рӯзноманигорон эълон кардааст.

Бар асоси ҳукми нав Бузургмеҳр Ёров ба иттиҳоми тавҳин ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се соли зиндон маҳкум шудааст ва акнун давраи маҳкумияти вай ба 28 сол расид.

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи сеюми августи имсол муҳокимаи дубораи вакили мудофеи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро, ки қаблан ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо аби нави тавҳин ба Перзидент оғоз кард.

Намояндаи прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо матраҳ кардани иттиҳоми тавҳин ба шахсияти президент ва қаллобӣ, афзуда шудани 17 сол зиндонро ба 25 соли маҳкумияти қаблии Ёров талаб карда буд. Аммо ба далели ин ки дар Тоҷикистон ҳукми абад 30 сол аст, суд се соли дигар ба 25 соли маҳкумияти қаблии Ёров изофа кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here