Дар назди муҷассамаи қофиласолори адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб, хонандагону донишҷӯёни маркази вилояти Суғд Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгӯи нақшу мақоми сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Сипас, Назира Ғаффорӣ табрикоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Устод Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик ва эронитаборон аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани парниёпӯш барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти форсизабонон пояи устувор гузошт. Асолату ғановати шеъри устодро ҷаҳон бишунид, дар дилҳо навишта шуд ва бо гузашти солҳову асрҳо тазминкунандагони зиёд пайдо кард. Бе тардид метавон устод Рӯдакиро олими заррабини тавоно, бинотар аз ҳар бино, нигорандаи тозаназару тозаэҷод ва вассофи покии имону виҷдон ва рӯҳу тан номид. Осори устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои гуногунро фарогир буда, бештар бо мавзӯъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан, тасвири табиат ғаниву наҷиб гардидааст».

Сипас, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аҳли имлу фарҳангро ба муносибати таҷлили Рӯзи Одамушшуаро таҳният гуфта, аз хидмати Маликушшуаро роҷеъ ба ҳифзу нигаҳдошти забони тоҷикӣ ситоиш намуд.

Композитсияи бадеӣ-фарҳангӣ ба ҳусни чорабинӣ таровати дигаре бахшид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here