Як ҷавони 21-сола дар кӯчаи Лучоб ба лаби марди 29-сола бо корд задааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ба мақомоти милитсия бо ариза ду нафар марди 27 ва 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардаанд, ки рӯзи 22-юми сентябр, тахминан соати 19:40, ҳангоми дар студияи сабти овоз, воқеъ дар кӯчаи Лучоби пойтахт қарор доштанашон, шахсони номаълум тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, онҳоро бе ягон асос лату кӯб кардаанд. Яке аз вайрнкунандагони тартибот бо корд як маротиба ба лаби марди 29-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудааст. Барои муайян ва дастгир кардани нафарони дигар чорабиниҳо идома дорад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here