Иқдоми «Бурди ҷашнӣ» аз Бонки Эсхата хотима ёфт. Иқдоми мазкур барои муштариёне, ки дорандаи кортҳои пластикӣ буданд, эълон гардида буд. Дар доираи иқдом, муштариёне, ки бо кортҳои пластики худ дар нуқтаҳои хизматрасониҳои савдо то 25 сомонӣ пардохт кардаанд, иштирокчии иқдоми мазкур гаштанд.
Иқдом аз 5 давр иборат буда, дар ҳар давра ду нафар ғолибон соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 2500 сомонӣ шуданд.
Марҳилаи ниҳоии иқдоми мазкур дар Саридораи Бонки Эсхата баргузор шуд. Дар ҳузури комиссияи махсус ба ҳама иштирокчиёни иқдом рақамҳои ID дода шудаанд.
Инчунин, 100 нафар иштирокчиёни фаъол муайян карда шуданд, ки ҳар кадомашон соҳибӣ 100 сомонӣ гардиданд.
Ҳамин тавр, мизоҷи филиали Бонки Эсхата аз шаҳри Бӯстон Фарҳодҷон Карченов ғолиби ниҳоии иқдоми “Бурди ҷашнӣ” шуд. Супоридани мукофотҳо рӯзи 22-юми октябр дар бинои филиал, дар ҳузури меҳмонони даъватшуда ва гурӯҳи операторон, дар фазои идона баргузор шуд. Ин рӯз рӯзи дарҳои кушод бахшида ба “Ҳафтаи пасандоз” буд.
Бонки Эсхата ҳамаи ғолибони миёндаврӣ ва даври ниҳоии иқдомро бо ғалаба табрик намуда, ба онҳо муваффақияти молиявӣ ва оромӣ таманно намуда, барои ҳамкорӣ ва иштироки ҳар як иштирокчии иқдоми мазкур бо бонк миннатдорӣ баён менамоянд!
Бонки Эсхата ҳамзамон, барои осон кардани раванди пардохт ва сарфа кардани вақти мизоҷон дар вақти интиқоли маблағҳо шумораи Pos — терминалҳоеро зиёд карда истодааст, ки дар онҳо кортҳои бонкӣ барои пардохт қабул карда мешаванд. Айни замон дар қаламрави кишвар беш аз 800 Pos — терминалҳо барои пардохт бо кортҳои Бонки Эсхата насб карда шудаанд. Рӯйхати ҳамаи нуқтаҳои шариконро дар сайти Бонки Эсхата пайдо кардан мумкин аст:
http://eskhata.com/individuals/bank_cards/atms.php