Дар доираи сафари кории сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Бохтар низ як силсила иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҳаллаи Турсунзодаи шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Марҳамат Давронова бунёд гардида, дар як шабонарӯз то 18 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол мекунад. Айни ҳол дар корхона 100 нафар ба ҷойи корӣ доимӣ фаро гирифта шуда, дар оянда ин шумора ба 150 нафар расонида мешавад.

Сохтмони корхонаи мазкур дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президети кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар ва дастгирии соҳибкорон ба роҳ монда шудааст.

Пудратчии бунёди корхонаи мазкур ҶДММ «МФМ Нигора» ба ҳисоб рафта, арзиши сохтмон 7 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here