Дар вилояти Хатлон давоми ҳашт моҳи соли 2019-ум 924 адад бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба истифода дода шудааст, ки аз он 30 ададашро корхонаю коргоҳои саноатӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҳамаи манбаъҳо, азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ 1 миллиарду 317,5 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 947,6 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ 520,8 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 2 миллиарду 98,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар вилояти Хатлон 924 адад бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 1 миллиарду 804 миллион сомонӣ (ғайр аз хонаҳои шахсӣ), аз ҷумла 25 мактаб барои 3805 ҷойи нишаст, 4 боғчаи бачагона барои 100 ҷой, 52 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 4 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 58 иншооти варзишӣ, 30 адад корхонаю коргоҳи саноатӣ, таъмири асосии 53,1 км ва сангфарш кардани 832 км роҳи автомобилгард, барқарорсозии 20 адад пул, 50 км хати оби ошомиданӣ, 3 адад хонаи истиқоматии баландошёна ва 449 адад дигар иншоотҳо ба истифода дода шудааст.

Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят корҳои назаррасе ба анҷом расида, тибқи маълумот, дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва сохтмони 6710 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 сентябри соли равон дар 2437 адад бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки аз шумораи умумӣ 36,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ 1274 иншоот ба истифода дода шуда, дар дигар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Добавить комментарий