Бунёдгузори ҶСК «Бонки Эсхата», бонкдори ботаҷриба Диловар Маҷидович Носиров, ки дар рушди самти бонкдории кишвар саҳми назаррас гузоштаанд, имрӯз ба синни мубораки 80 расиданд.

Неъмати бузург ва ҳикмати боасрор ба шахсиятҳое насиб мегардад, ки воқеан худодод ҳастанд. Ақлу заковати онҳо аз ботин ҳувайдо мегардад ва бо нерӯи бузургу ғайрати беҳамто мунтазам ба пеш ҳаракат мекунад. Чунин инсонҳо оромӣ ва қарор надоранд, барояшон синну сол ва ё омилҳои дигари боздоштани суръати кору пайкор мавҷуд нест. Худро доимо дар ҳаракат ва баракат мебинанд. Гӯё маҳз ба ҳамин хотир ба дунё омадаанд, то аз худ осоре ва мероси бузерге боқӣ гузоранд.

Диловар Носиров зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд. Шаҳре, ки шахсиятҳои нодиру бузургро ба дунё овардаасту ба оғӯши олами фарҳангу маданияти умумибашарӣ ниҳодааст. Боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯст ва соҳибимон мебошад, ки дар замони мо ин гуна инсонҳои бузург кам нестанд, ва яке аз онҳо Диловар Носиров мебошанд.

Соҳибҷашни имрӯза бо меҳнати ҳалол ва заҳматҳои зиёд, аз як корманди оддии комбинати консервабарории Хуҷанд, то ба директори бахши Бонки давлатии СССР дар ш.Чкаловск (1978-1999с.) роҳи касбиро тай намуданд.

Идеяи таъсиси ҶСК “Бонки Эсхата” ҳамчун бонки тиҷоратӣ ба Диловар Носиров тааллуқ дорад.

Дар солҳои 1993-1994 таъсиси бонки тиҷоратӣ ва дар маҷмӯъ, оғози ҳама гуна тиҷорат кори осон набуд. Махсусан дар аёме, ки зиёда одамон аз нобарории кор ва душвории зиндаги руҳафтода мешуданд, аммо Диловар Носиров нақшаи стратегии худро кашида, коргоҳеро бунёд намуданд, ки то ҳол самараи пурборашро дида истодаем.

Вай тавонист на танҳо нақшаи стратегии худро амалӣ кунад, балки барои рушди минбаъдаи он низ саъйю кушиш намояд. Имрӯз, ҶСК «Бонки Эсхата» яке аз иштирокчиёни бузурги бозори хизматрасонии бонкӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба сеяки бонкҳои низомсози кишвар шомил аст.

Ин ҳама ба шарофати таҳкурсии дурусти гузошташудаи Асосгузори бонк, касбияти баланд ӯ, қобилияти барқарор намудани робитаҳои судманд бо шарикону мизоҷон, ва хоҳиши беандоза барои саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардум, инчунин дастгирии соҳаи бонкдорӣ ва иқтисодиёти кишвар.

То ба имрӯз роҳбарият ва кормандони ҶСК «Бонки Эсхата» таҷрибаи бой ва дастурҳои Диловар Носировро дар фаъолияти худ татбиқ менамоянд.

Диловар Носиров барои нафарони зиёд хаққи устодӣ, падарӣ, дустӣ доранд. Ба одамони зиёд барои интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ кӯмаки худро расонидаанд. Ба яке барои гирифтани маълумоти оли, ба дигаре интихоби касби дуруст, ба нафари дигар шинохти шахсияти худ, ба ниёзмандон расонидани кумаки амалии моддӣ ва бисёр дигар кору пайкори неки Диловар Носиров дар хотираҳои одамон ва аҳли ҷомеа нақш бастааст.

Диловар Мадҷидовичи гиромиқадр!

Дӯстону пайвандон ва ҷомеъаи меҳнатии бонки таъсисдодаатон нисбати Шумо эҳтиром ва муҳаббати беандоза доранд!

Шуморо бо 80-умин солгарди умратон самимона табрик мегӯем! Дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон саломатӣ ва нерӯи бузург таманно дорем. Ҳамеша чунин меҳрубон, дилсӯз ва бузургвор боқӣ бимонед!

Зодруз муборак!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here