Дар ҷараёни нӯҳумини конфронси Созмони ҳамкории исломӣ шаҳри бостонии Бухоро ба унвони яке аз 3 пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шуд.

Пойтахтҳои дигари фарҳанги исломӣ, ки дар ҷараёни ин конфронс интихоб шудаанд Қоҳираи Миср ва Бамакои Малӣ мебошанд.

Барномаи таҷлил аз пойтахтҳои фарҳанги исломӣ дар соли 2001 аз сӯи ISESCO тасвиб ва интихоби солонаи се пойтахти исломӣ ба намояндагӣ аз се минтақаи исломӣ, аз ҷумла ҷаҳони Араб, Африқо ва Осиёро пешбинӣ мекунад.

Ин мавқеият масъулини ин шаҳрҳоро вазифадор мекунад, то дар тӯли як соле, ки ин шаҳр ба унвони пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудааст, маросимҳои гуногуне бо ҳадафи ироаи фарҳанги худ ва мероси исломӣ баргузор кунанд.

Илова бар ин, дар соли 2020 дар яке аз ин шаҳрҳо конфронси вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор мешавад.

Созмони ҳамкории исломӣ дар соли 1972 таъсис ва 57 кишвар узви он мебошанд. Теъдоде аз кишварҳо, аз ҷумла Русия, дорои мавқеияти нозир дар ин созмон ҳастанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here