Маблағгузории буҷаи Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт. Маблағҳое, ки ба ин Фонд ҷудо хоҳанд шуд, 1,5% хароҷоти давлатиро дар соли 2021 ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2021-ум 404 млн сомонӣ (зиёда аз 38 млн доллар) аст. Маблағгузории захиравии Фонди Президент дар соли оянда 1,5%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Маблағҳои Фонд барои чорабиниҳои хайриявии гуногун ва дигар хароҷотҳо равона карда мешаванд.

Дар баробари ин, дар соли оянда зиёда аз 100 млн сомонӣ барои Фонди ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарф хоҳад шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ”, ки таъсиси Фонди Пешвои миллатро ба зимма гирифтааст, тағйирот ворид карда шуд. Ин Фонд ҳачунин аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд ва интиқоли маблағ пас аз истеъфои Президент оғоз мешавад.

Ҳамасола ба ин Фонд маблағ дар ҳаҷми 0,2 фоиз аз ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ интиқол дода мешавад. Тартиби истифодабарии маблағҳои Фондро худи Пешвои миллат, яъне Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

Маблағҳое, ки ба Фонди зикршуда интиқол меёбанд, барои садақа равона карда мешаванд.

Гулрӯ Суҳробзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here