Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати вазъи изтирории Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаби 27-уми апрел дар вилояти Бухоро шамоли шадид вазидааст. Бар асари он як сокини ин вилоят ба ҳалокат расидаааст ва тақрибан сӣ нафари дигар захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ин манбаъ меафзояд, ки шиддати бод 9-40 метр/сонияро ташкил додааст. Сарчашмаи вазидани чунин боди тезу тунд аз ҷониби Туркманистони ҳамсоя арзёбӣ шудааст ва бештар дар ин вилоят хисороти ҷониву молӣ ба бор овардааст.
Гуфта мешавад, ки як қатор объектҳои иҷтимоӣ низ аз ин шамол хисорот дидаанд, аммо ҳоло маълум нест, ки хисороти молии он чӣ маблағро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол панҷ тан аз осебдидаи ин шамол дар шифохона бистарӣ шудаанд. Ҳолати яке аз ин осебдидагон хеле вазнин арзёбӣ мегардад. 26 тани дигар баъди муоина ва муолиҷа ба хонаҳои худ баргаштаанд.
Мавҷи ин шамоли тезу тунд ба вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд ва Қашқадарё низ паҳн шудааст, аммо ба мардуми ин навоҳӣ хисороти ҷониву молӣ нарсонидааст.
Дафтари матбуоти Вазорати вазъи изтирорӣ мегӯяд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ аз хизматчиёни ниҳоди мазкур 700 нафар сафарбар шудаанд. Ҳамчунин, 127 васоили нақлиётӣ ва фаннӣ дар ин вилоят оқибатҳои ҳодисаи табииро бартараф мекунанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд