Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як қарори худ Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-ро барҳам дод. Дар қарор гуфта мешавад, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» барҳам дода шуда, комиссияи барҳамдиҳии он дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

Рустами Эмомалӣ дар ин тасмими худ эълон кардааст, ки Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кутоҳтарин барои боз доштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур ва дар якҷоягӣ бо дигар бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдо бо мақсади ба ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон ҷиҳати идома додани фаъолияти соҳибкориашон дар дигар нуқтаҳои савдои муқарраршудаи муносиб чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, ки  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here