Олимони Суид (Шветсия) ба хулосае омаданд, ки дараҷаи масунияти коллективӣ ба коронавирус, назар ба андешаи қаблӣ, ду маротиба зиёд буда метавонад.

Ғайр аз ин, он метавонад ҳатто дар одамоне, ки санҷишҳои манфии подтан доранд, пайдо шавад.

Муҳаққиқони Донишкадаи Каролински Стокголм таҳлили иммунологии намунаҳои беш аз 200 беморро гузаронданд, ки аксарияти онҳо бемории сабук ё комилан бидуни аломати мубтало доштанд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар муқоиса бо дигар олимон, мутахассисони Шветсия — ягона кишваре дар Аврупо, ки чораҳои маҳдудкунандаи ҷиддӣ алайҳи COVID-19 ҷорӣ накардааст, рушди масуниятро дар мавҷудияти подтанҳо ба вирус дар бадани инсон сабт намекунанд.

Гузашта аз ин, онҳо боварӣ доранд, ки то кунун кӯшиши «чен кардани» масунияти одам дар аҳолӣ, бо сабаби он, ки диққати махсус дар рафти таҳқиқот ба подтанҳо дода шудааст, ноком мондааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here