Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардид, идома дорад. То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштии варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетскӣ, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштӣ, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Варзишгарони тоҷик рӯзҳои баъдӣ рақобатро дар намудҳои дзюдо, кураш, самбо, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс идома медиҳанд, ки умед аст соҳиби медалҳо мешаванд.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 178 медал (78 тилло, 59 нуқра, 37 биринҷӣ) пешсаф аст. Ҷопон бо 123 медал (40-34-49) дар ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 94 медал (27-30-37) дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман варзишгарони 35 кишвар ба гирифтани медалҳои бозиҳо шарафёб шудаанд ва варзишгарони 28 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷои 32-юм қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here