Аз 24-ум то 28-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати футболи Осиё-2019 байни дастаҳои мунтахаби бонувони то 19-сола дар гурӯҳи «D» баргузор мешавад.

Барои роҳхат ба даври дувюм дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбейи Чин ва Банғола бо ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Қаноат Латифов бозиҳои худро  24-уми октябр бо дастаҳои мунтахаби Тайбейи Чин, 26-уми октябр бо Кореяи Ҷанубӣ ва 28-уми октябр бо Банғола мегузаронад. Оғози бозиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон соати 17:00 дар назар аст.

Аз рӯи низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ ғолибон ба бозиҳои даври дуюми интихобӣ, ки аз 22-юм то 30-юми апрели соли 2019 гузаронида мешаванд, роҳхат мегиранд. Ду дастаи беҳтарини ҷойи дуюм низ аз ин гурӯҳҳо барои бозиҳои даври дуюм интихоб мешаванд.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1

24 октябр

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Банғола

17:00 – Тайбэйи Чин – Тоҷикистон

Даври 2

26 октябр

14:00 – Банғола –Тайбэйи Чин

17:00 – Тоҷикистон –Кореяи Ҷанубӣ

Даври 3

28 октябр

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ –Тайбэйи Чин

17:00 – Тоҷикистон – Банғола

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here