Русия ҳоло ҳам ҳамчун кишвари аз ҳама серталаб барои кор дар байни шаҳрвандони хориҷӣ боқӣ мемонад. «Зиёда аз 90 ҳазор шаҳрванди тоҷик тавассути парвозҳои чартерӣ ба Ватан баргаштанд»,- хабар медиҳад сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Аслишо Нодиршоев.
Бино ба иттилои манбаъ, аз баргаштагон ба кишвар 74 171 мард ва 16 162 зан мебошанд. “Ҳамасола аз Тоҷикистон барои муҳоҷират тақрибан 500 ҳазор нафар мераванд. Дар соли 2020 ба Федератсияи Русия 129 ҳазор нафар рафтаанд, ки аз онҳо 112 927 мард ва 16 880 зан ҳастанд”, — зикр мекунад Нодиршоев.
Ба гуфтаи ӯ, Русия то ҳол ҳамчун кишвари аз ҳама серталаб барои кори шаҳрвандони хориҷӣ боқӣ мондааст: “90 % муҳоҷирони мо ба Федератсияи Русия мераванд. 10 %-и дигарашон бошанд, ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо раҳсипор мешаванд”.
Инчунин, Нодиршоев мегӯяд, ки дар Тоҷикистон нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ барои шахсоне, ки ба кишвар баргаштаанд, фаъолият мекунанд. Шаҳрвандон метавонанд ба онҳо барои ёфтани ҷойи кор муроҷиат кунанд. Бино ба гуфтаи намояндаи Вазорати меҳнат, «барои маслиҳат гирифтан зиёда аз 23 нафар омада буданд. Илова бар ин, мутахассисон категорияи шаҳрвандро муайян карда, сафари кадом муҳоҷирон ба кишвари Русия манъ аст, маълум мекунанд».
Бино ба маълумоти намояндаи Вазорати меҳнат, айни ҳол дар Тоҷикистон 267 ширкати сохтмонӣ фаъолият доранд, ки кормандони онҳо 34 528 шаҳрванди кишвар буда, адади кормандони хориҷӣ 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.