Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои гирифтани пора иттилоъ медиҳад.

Агентӣ иттилоъ медиҳад, Негматова Мунира Мухамедовнаро, 27-уми апрели соли равон дар ҳоле дастгир кардаанд, ки ӯ аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил кардани хешаш маблағи 8000 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, Нигматова то замони боздошташ ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор мекардааст ва бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ маблағи мазкурро талаб кардааст. Аз рӯи ҳодиса нисбати Негматова бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаҳои 319 ва 320-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои гирифтан ва додани пора ба шахсони мансабдор ҷазо пешбинӣ гардидааст. Аммо дар сурати огоҳ кардани намояндагони мақомоти дахлдор аз ҳолатҳои коррупсионӣ шахси порадиҳанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Агар шахси порагиранда мансабдор набошад, пас он тибқи муқаррароти моддаи 247 (қаллобӣ) банду баст карда мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here