Як мард бо ҳамсари худ муноқиша карда, 7 маротиба ба ӯ корд зарба задааст ва духтарашро, ки мехостааст пеши роҳи ӯро гирад, низ захмӣ кардааст.

Маркази матуботи ВКД хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 64-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 22-юми феврали соли 2021, тахминан соати 07:00, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 61-сола, даъво карда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба қафаси сина ва 6 маротиба ба шикамаш задааст. Духтараш, зани 34-сола, аз моҷаро бохабар шуда, модарашро наҷот доданӣ шудааст, ки дар натиҷа падараш 1 маротиба бо корд ба тахтапушташ задааст. Дар натиҷа модару духтар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гардидаанд.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32, қисми 3, 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here