24-уми феврал як гумонбар ба ҷиноят, ки зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон гуфта мешавад, ҳангоми пурсуҷӯ аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистон фирор кардааст.

Ин нафар бо ҷурми гумонбар будан дар таҷовуз ба номуси духтари худаш айбдор карда мешавад. Кормандони милиса зуд даст ба кор шуда, ӯро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ки мехост ба шаҳри Хуҷанд равад, боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ки боздоштшуда зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, соли 1972 дар ҳамин ҷо таваллуд шудааст ва дар шаҳри Гулистони силояти Суғд зиндагӣ мекардааст.

Чӣ тавр фирор кардани гумонбар маълум нест ва қазияи таҷовуз низ айни ҳол пурра рӯшан нагардидааст. Боздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Гулистон қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here