Дар зиндони Бомонт дар музофоти Ҷефферсон (иёлати Техас, ИМА) дар вақти ба зиндон баргаштани як маҳбуси фирорӣ ӯро боздошт кардаанд.

Ба полис маълумот расидааст, ки чанд тан аз маҳбусон аз зиндон фирор карда, ба мазрааи наздик ворид шудаанд ва аз боркаши дар наздикӣ буда ҳуроквориву нӯшокӣ дуздида, дубора ба зиндон баргаштаанд.

Дар ин ҷо дубинҳои мадорбаста насб кардаанд. Вақте маълумот тасдиқи худро ёфтааст, полисҳо дастбакор шудаанд ва ин айёр ба даст афтодааст. Ин марди 25-сола Ҷошуа Хансен зодаи Даллас будааст, ки бо ҷинояти вобаста ба маводи мухаддир зиндонӣ шудааст. Аз кӯлбори ӯ се шиша брендӣ, як вискӣ, чанд қуттӣ тамоку, бутерброд ва мурғи бирёну ҳасиб пайдо кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here