Як дузди собиқадор, ки борҳо барои ин кораш маҳкум шудааст, дастаи дуздонро ташкил карда, ба ғорати мардум машғул будааст, ки чанде пеш бо кӯшиши кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир шудааст. Дар ин бора вебгоҳи dushanbepolicе хабар медиҳад.

Ашурқулов Умедҷон Шарофович, соли таваллудаш 1987, ки қаблан ду маротиба бо ҷурми дуздӣ маҳбасӣ гардидааст, ин навбат бо ташкил кардани гуруҳи ҷиноятӣ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш Азиз ва Дилшод ки айни замон дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор доранд, боз даст ғорати молу мулки мардум задааст.

Ин гуруҳи ҷиноятпеша бо маслиҳати пешакӣ 15-уми январи соли ҷорӣ вориди манзили истиқоматии сокини 40-солаи шаҳри Душанбе гардида, аз он ҷо пул ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ки наздики 300 000 сомониро ташкил медиҳанд, дуздидаанд.

Ашурқулов аввалҳои моҳи августи соли 2017 ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдулҳамидов Валиҷон, воқеъ дар кучаи Ҳамадонӣ, ворид шуда, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти тиллоӣ ва дастгоҳи суратгирии тамғаи «Canon»-ро дуздида, ба соҳиби хона зиёда аз 26 000 сомонӣ зарар расонидааст.

Айни зумон гумонбаршаванда Ашурқулов Умедҷон дар ҳабси пешкӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here