Бино ба иттилои хабарнигори Настоящее время, полиси Москва пас аз танаффуси тӯлонӣ боздошти муҳоҷиронро дар рӯзҳои намози ҷумъа дар назди масҷидҳо дубора оғоз кардааст. Нахустин боздоштҳо ҳафтаи гузашта сурат гирифтаанд.

Кормандони полис муҳоҷиронро дар назди масҷидҳо боздошт ва ба шуъбаи полис интиқол медиҳанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин амали полиси Москва ғайриқонунӣ аст.

Яке аз дастгиршудаҳо бо номи Рустам гуфт, пас аз боздошт ба ӯ ҳеҷ санадеро барои имзо пешниҳод накарданд. Танҳо барои чанд соат дар автобусе нигаҳ дошта, пас аз гирифтани аксу нақши ангушт дар шуъбаи полис онҳоро раҳо карданд.

“Ба онҳо ҳуҷҷатҳоямро пешниҳод кардам, вале гуфтанд, ки меравем дар пойгоҳи иттилоот месанҷем. Гуфтам, ҳоло вақти намоз аст, ба масҷид дер мекунам, гуфтанд, ки месанҷем ва раҳо мекунем. Дар дохили автобус ҳудуди 30 нафар будем”, — афзуд ӯ.

Боздошти дастаҷамии муҳоҷирон дар назди масҷидҳои шаҳри Москва чанд сол мешуд, сурат намегирифт. Кормандони полис дар асоси созиши Идораи мусулмонони Русия ва раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар муҳоҷиронро дар рӯзҳои намози ҷумъа боздошт намекарданд.

Ба назари ҳуқуқшиносон ин гуна санҷиши дастаҷамъии кормандони полис ғайриқонунӣ аст. “Боз доштан ва санҷиши ҳуҷҷати шахсе, ки амали шубҳанок надорад ва ба гумонбаре ҳам монанд нест, ғайриқонунӣ мебошад”, — мегӯяд вакили дифоъ Раҳмон Агайгелдиев.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here