Ду мансабдор, яке ба гумони гирифтани пора ва дигаре барои даст задан ба қаллобӣ, боздошт шудаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар иттилоъ медиҳад, раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич Комил Отабойзода ба ду шаҳрванд барои сохтмони манзил қитъаи замин ваъда карда, аз онҳо 10 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Моҳи август Отабойзода аз онҳо 7 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, ҳангоми гирифтани 3 ҳазор сомонии боқӣ боздошт шуд”, — менависад Агентӣ.

Дар ноҳияи Ваҳдат мутахассиси КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Ваҳдат» Умаралӣ Нигматов ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шудааст.

“Ӯ аз як шаҳрванд ҷиҳати мусоидат ба ҷудо кардани 0,6 гектар қитъаи замин барои сохтмони истироҳатгоҳ 20 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст”, — қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.  Ҳамзамон, ӯ ваъда додааст, ки корро тарзе ба анҷом мерасонад, ки қарор дар бораи ҷудо кардани қитъаи заминро раиси шаҳр ба имзо мерасонад.

Гуфта мешавад, ки Нигматов ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here