Ду корманди Хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо гумони талаб кардани 7000 доллар ва гирифтани нисфи ин маблағ гунаҳкор дониста шуда, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва коррупсия боздошт шудаанд.

Дар эъломияи ин Агентӣ гуфта мешавад, ки Муҳаммадаброри Идрис дар вазифаи сардори шуъбаи назорати фармокологии маводи дорувории Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор карда аз Раҳмонов Ҳ.Ш. барои ҳуҷҷатгузорӣ накардани маҳсулоти дандонпизишкӣ, ки онҳо бидуни сертификати мутобиқати нигоҳдорӣ қарор доштанд, 7000 доллари ИМА талаб карда, аз он маблағи 3000 доллари ИМА, 4000 сомонӣ ва 500 долларро пешакӣ гирифта, овардани маблағи боқиро талаб кардааст.

22-юми феврал Муҳаммадаброри И. ҳамчун шахси мансабдор дар асоси маслиҳату дастур ва ёрдами бевоситаи мутахассиси шуъбаи назорати маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи Хадамоти мазкур Файзиддини Ашуралӣ аз шаҳрванд Раҳмонов Ҳ.Ш. маблағи 2000 долларро гирифтааст.

Худи ҳамон рӯз нисбати Муҳаммадаброри И. бо моддаи 319,  қисми 4, бандҳои  “в,г” ва  нисбати Файзиддини А. бо моддаҳои 36, қисми 5, 319, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here