Кормандони милитсия марди 22-сола ва бародараш ҷавони 17-солаи сокинони шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурдагон 19-уми феврали соли 2018, тахминан соати 19:45 дар кӯчаи Чармгарони поён, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корд 16 маротиба ба узвҳои бадани ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дора

ВАО аз ин ҷиноят чанде пеш хабар дода, гумонбарони ин ҳодисаро Сайидмурод ва Сайидаъзам Мирзоевҳо гуфта буданд, ки бо маслиҳати пешакӣ ба назди масҷид омада, қурбонии хеш Бахтиёр Раҷавобвро интизор шудаанд. Бародари хурдӣ Сайидмурод аввал ба гардани Бахтиёр корд мезанад, сипас, Сайидаъзам низ зарба мезанад, ки дар маҷмӯъ 16 ҷароҳат расонида шудааст.

Гуфта мешавад, ки бародарон баъди ин кирдори худ ба ҷониби ноҳияи Восеъ фирор кардаанд, аммо дар роҳ боздошт шудаанд. Айни замон бародарон Мирзоевҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб нигаҳдорӣ шуда, нисбати онҳо мувофиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин модда ҷазои аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ, ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here