Як нафар майдаавбош, ки худро «Аюби пистолет» муаррифӣ карда, дар ҷойи ҷамъиятӣ ба вайрон кардани оромӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медод, аз ҷониби милисаи пойтахт дастгир ва ҷазо дода шудааст.

Ҳалимов Алишер Абдуалимович, санаи таваллудаш 12.04.1967, зодаи ноҳияи Рашт, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум, дар ҳолати мастӣ худро бо тахаллуси «Аюби пистолет» муаррифӣ карда, бо ронандаи микроавтобуси 28, ки дар хатсайри дохили пойтахт ҳаракат мекунад, даъво роҳ андохтааст. Ин мард 25 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 20:30, ҳангоми фаромадан аз микроавтобус ҳангоми гирифтани бақияи роҳкиро, ронанда ва дигар мусофирони нақлиёти мазкурро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бар замми ин бо пояш якчанд маротиба ба дари воситаи нақлиёт задааст. Бо ин кирдораш номбурда оромии шаҳрвандонро халадор намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои тасдиқгардида нисбати Ҳалимов Алишер Абдуалимович бо дастрасии моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шудааст. 28-уми сентябр бо ҳукми Суди ноҳияи Сино нисбати «Аюби пистолет» ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here