Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ рондани нақлиётро аз «дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ» унвон карда, хабар медиҳад, ки аз ҷониби нозирони шуъбаи БДА ҳафтаи гузашта 6 ронандаи маст боздошт шудааст.

Манбаъ аз ронандаҳо Раҳимов Рустам Давлатович — ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатиаш 9699 СР 01, Бобоев Баҳрулло Тошпулотович — автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақамаш 6002 ЕЕ 01, Азимов Парвизxон Сафаралиевич — автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», (1412 DD 08), Алаёров Рамазон Алишерович — автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра»,(9716 ВХ 01), Раҳимов Беҳруз Зуҳуридинович — автомашинаи тамғаи «Шевролет», (8080 ВС 01) ва Қурбонов Бахтиёр Мирзоевич —  автомашинаи тамғаи «Опел», (8754 DO 02) ном мебарад ва мегӯяд, ки ҳарчанд ҷазо барои дар ҳолати мастӣ ронандани мошин вазнинтар гардида бошад ҳам, мутаассифона, ба ин монанд ронандагон талаботи қонунро нодида мегиранд ва ба ҷони худу роҳгузарон хатар эҷод мекунанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсадноки ҳафтаи сипаришуда, дар маҷмуъ 3887 адад қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here