Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба дастгир шудани ду нафар «заминфурӯш» хабар дод, ки аз ноҳияи Ёвон будаанд.

Дар иттилои Агентӣ омадааст, ки заминсози шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич бо маслиҳати пешакӣ бо Авғонов Бахтиёр Тағоевич аз шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2000 доллари ИМА талаб намудаанд. Онҳо аз маблағи талабнамудаашон дар ду ҳолат 1000 доллари ИМА ва 1000 сомониашро гирифта, аз ин шаҳрванд талаб кардаанд, ки боз 5000 сомонии дигар орад.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич ва Авғонов Бахтиёр Тағоевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич ва Авғонов Бахтиёр Тағоевич бо аломатҳои моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here