АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ хабар дод, ки имрӯз, 8  июн, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шуд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Б. Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х.П. ва Қурбонов Ф. Д. нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри Кулоб Б. Иноятзода содир кардаанд.

Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб чанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардидааст. Гуфта мешавад, ки ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.

Нисбат ба Б. Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here