Пас аз нашри гузоришии видеоии хабарнигори faraj.tj аз роҳи зеризаминии маҳаллаи «Саховат», кормандони вазорати корҳои дохилӣ дастбакор шуда, гурӯҳи қаллобони мардумфиребро, ки бо қимор пули роҳгузаронро азхуд мекарданд, дастгир карданд.
Дар гузориши телевизионии «Сипар»-и ВКД гуфта шуд, ки қаллобони қиморбоз бо роҳбарии Муродалӣ Баротов боздошт шудаанд. Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо расидагӣ ба ин муроҷиат хабар дод, ки кормандони раёсати кофтукови ҷиноии вазорати дохила алакай як ҳафта пеш ин марди тоқидорро, ки Муродалӣ Тошматович Баротов ном доштааст, бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир карданд.
Вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ Муродалӣ Баротов ҳарчанд қаблан ҳам маҳкум шуда буд, боз бо ташкили бозии мардумфиребонаи маъруф ба «алик-малик” даст ба қаллобӣ задааст. Касоне, ки аз мардумфиребии Муродалӣ Баротов ва шарикони ӯ зиён дида бошад, ба раёсати кофтукови ҷиноии ин вазорат муроҷиат кунад. Ба ӯ барои мардумфиребӣ то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.