Субҳи 30 марти соли равон, бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, як зумра мураббиён ва варзишгарони мактабҳои варзишии ноҳияи Ашт бо роҳбарии раиси ноҳия Зариф Мирдадо таҳти шиори “Ворух як порчаи қалби ман аст” ба дидорбинии мардуми сарбаланди ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи бостонӣ рафтанд.

Роҳбарияти ноҳия ва мураббиёну варзишгаронро дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти зебоманзари Ворух раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода пешвоз гирифта, ҳамроҳӣ кард. Сипас, роҳбарияти ноҳия ва мураббиёну варзишгарон аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнии ифтитоҳшавандаи ҷамоати деҳоти Ворух аз наздик шинос шуданд. Раиси ноҳияи Ашт ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ин сафар таассуроти баланд бардошта, ба роҳбарияти шаҳри Исфара барои истиқболи гарму самимиашон изҳори минатдорӣ карданд ва барои расидан ба ҳадафҳои некашон барору комёбӣ таманно доштанд. Дар охир мураббиёну варзишгарони ноҳия бо як овоз фараҳмандона ва ҷавонмардона арз доштанд, ки даст ба даст, тан ба тан дар паҳлӯи мардуми сарбаланд ва родмардони Ворухи биҳиштосо ҳастанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here