Сӯхтори бузурге дар бозори марказии ноҳияи Панҷ як қисми онро ба комаш кашидааст. Аз идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Панҷ ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки сӯхтор дар растаи дӯконҳои пластикии бозор рух додааст.

Як манбаъ аз Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Панҷ дар сӯҳбат бо хабарнигори faraj.tj гуфт, феълан вақту соат ва сабаби оташсӯзӣ муайян карда нашудааст. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани мошинаҳои обпош ва кормандони мо дар соати 6-и субҳ сӯхтор аллакай дӯконҳоро пурра фаро гирифта буд. Барои муайян намудани сабабҳои оташсӯзӣ дар маҳалли ҳодиса аз ҷониби мақомот тафтишот идома дорад”.

Ба гуфтаи намояндаи идораи сӯхторхомӯшкунӣ, сӯхтор шояд барвақтар, то замони ҳозир шудани савдогарон ба дӯконҳояшон, сар зада бошад.

Шоҳидон мегӯянд, дар ин раста аз ду тараф тақрибан 40 дӯкони пластикӣ буд, ки тоҷирон ба фурӯши молу маҳсулот, аз қабили мевагиҳо, маводи конселярӣ, матоъ, пойафзол, сару либоси мактабӣ ва дигар ашёи рӯзгор машғул буданд ва бо ин роҳ қадре ҳам бошад, зинадгиашонро сомон мебахшиданд.

Қаблан, миёнаҳои моҳи июн низ, пас аз боздошти судяи суди ноҳияи Панҷ Қурбониён Тоҷиддин барои порагирӣ, рӯзи дигар хонаи номбурда низ оташ гирифта буд. Мақомоти тафтишотӣ баъдан сабаби сӯхторро “дуздӣ ва аз байн бурдан изи ҷиноят” унвон карда буд. Феълан вобаста ба ин ҷиноят чор нафар гумонбар дастгир карда шудаанд, ки ба гуфти мақомот, ба гуноҳашон пурра иқрор гаштаанд ва парванда дар суди ноҳияи Панҷ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Шамсулло Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here