РБК хабар медиҳад, ки боздоштшудагони шаҳри Маскав, ки ба баргузории амалиёти террористӣ гумонбар мешаванд, шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон будаанд.

Дар маълумотномаи Хадамоти амниятии федералии Русия (ХАФ-ФСБ) гуфтаанд, шаҳрванди Узбекистон Муродбек Қодиров ва шаҳрванди Тоҷикистон Д. Шарифов қасд доштанд рӯзи якуми сентябр, ҳамзамон бо иди Қурбон, даст ба амалиёти террористӣ зананд.

ХАФ-и Русия Д. Шарифовро шаҳрванди Тоҷикистон гуфта, қайд кардааст, ӯ ки қаблан аз тариқи паёми интернетӣ бо саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ Абубакри Бағдодӣ эълони ҳамроҳшавӣ кардааст, ният доштааст ба гурӯҳе аз мардум дар рӯзи иди Қурбон бо табар ҳамла кунад.

Шаҳрванди Узбекистон Муродбек Қодиров низ замоне, ки ҷамъияти бештаре барои дидани ин саҳна ҷамъ мешаванд, қасд дошт камарбанди таркандаи худро дар миёни издиҳом ба кор дарорад.

Бар асоси ин гузориш, аз хонаи ин ду нафар дар атрофи Маскав маводи тарканда ва табар пайдо шудааст. Гумонбарон дар бозҷӯиҳо эътироф кардаанд, ки ба дастури мустақими саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ қасд доштанд дар қаламрави Русия даст ба ин иқдом бизананд.

Навори видеоии эътирофи ин ду шаҳрванди Осиёи Марказиро ХАФ мунташир кардааст.

Ин гузориш меафзояд, дар гӯшии телефони ҳамроҳи яке аз ин ду муттаҳам ба омодасозии амалиёти террористӣ дар Русия шумораи тамоси теъдоде аз аъзои гурӯҳи такфирии ДИИШ ва дастурамали сохти бомбаҳои дастӣ пайдо шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here