Ҳанӯзам дар баъзе ҳолатҳо одамон асабонияти худро таҳти назорат гирифтан наметавонанд ва ин боис мешавад, ки даст ба ҷиноят зананд. Маркази матбуоти ВКД аз ду ҳолати даъвои лафзӣ хабар дод, ки оқибат бо корзадӣ ба охир расидаанд.

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ӯ 6-уми сентябр дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, бо падарарӯсаш, марди 50-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, даъво карда, бо корди хоҷагӣ се маротиба ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиноятеро ошкор ва нафари гумонбарро дастгир намуданд, ки бо сабабҳои ночизе байни ҳамдигар муноқиша намуда, оқибат ба кордзанӣ анҷомид.

Шаҳрванд Турсунов Хушнуд, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, ки дар шаҳри Душанбе ба таъмири манзилҳои истиқоматӣ машғул будааст. Шаби 12-уми август дар манзили истиқоматие, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ бо ҳамкоронаш таъмир доштанд, байнашон нофаҳмиҳои лафзӣ ба миён омада муноқиша кардаанд. Номбурда бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корд мусаллаҳ гашта, шаҳрванд Исматов Анварро захмӣ кардааст, ки айни замон ҷабрдида бо бардоштани зарари вазнин ҷисмонӣ дар беморхона бистарист.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here