Борони шадид дар ҷануби Тоҷикистон сабаби вуқӯи ҳолати фавқулода гардидааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

28 март дар наздикии мавзеи Чорчашмаи деҳаи Лағмони ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, мавзеи Хоҷаи Шоми деҳаи Гултеппаи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб баландшавии сатҳи об ба қайд гирифта шудааст. Ин сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтани бандҳои муҳофизатии оби дарёҳо гардидааст. Барои таъмини амнияти сокинони деҳаи Гултеппа кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 250 сокини маҳаллиро ба ҷойҳои бехатар интиқол додаанд. Бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Ҳотамшо Латифзода ситоди доимиамалкунанда таъсис дода шудааст.

Бо мақсади пешгирии рахнашавии бандҳои об кормандони Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 40 тахтасанги оҳану бетонӣ оварда, 20 адади онҳоро дар қисматҳои вайроншудаи банди муҳофизатӣ ҷиҳати истеҳком ва барқарор намудани бандҳои муҳофизатӣ  дар ҷойҳои дорои хатари рахнашавӣ насб карданд. Инчунин дар дарёи Сурхоб, дар наздикии ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ 20 тахтасанги оҳану бетонӣ насб карда шудааст.

Барои гузаронидани корҳои барқарорсозӣ дар қитъаҳои дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб 6 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ҷалб шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here