Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки моҳи  март  дар ҷумҳурӣ бориш аз меъёри муқаррарӣ зиёд мешавад.

Сардори Маркази обуҳавосанҷӣ Ҷамила Байдуллоева мегӯяд, моҳи март дар вилояти Хатлон  дамои миёнаи ҳаво аз рӯи меъёр буда,  дар баъзе ноҳияҳо то 9-11 дараҷа баланд шудани он дар назар аст. Дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон низ дамои миёна аз 5 то 7 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Даҳаи  аввали  моҳи март дар ин минтақа бориш ва тағйир ёфтани дамои ҳаво дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва баъзе рӯзҳо то 10-15 дараҷа баланд шудани он аз эҳтимол дур  нест.

Дар қисматҳои кӯҳии вилояти Хатлон  дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард ҳаво аз 2 то 7 дараҷа хунук шуда, шабона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе рӯзҳо ҳаво рӯзона аз 12-17  то 19-24 ва шабона аз 8-13 то 11-15 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳи март бештар  боронгарӣ шуда, дар қисматҳои кӯҳӣ дар баъзе рӯзҳо гузариши борон  ба барфи тар дар назар аст.  Нимаи дуюм ва сеюми моҳи март дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ шуда, дар қисматҳои ҷануби вилояти Хатлон шиддат шамол ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.

Дар  вилояти Суғд низ моҳи март дамои миёнаи ҳаво аз рӯи меъёр буда, бориш зиёд мешавад. Ҳаво дар водиҳо 8-9 дараҷа гарм ва дар қисматҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад. Дар  водиҳои вилояти Суғд  даҳаи аввали  моҳи март ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва баъдан аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.  Рӯзона ҳаво дар водиҳо аз 10-15 то 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар  баъзе рӯзҳо борон ва барфи тар дар назар буда, ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар қисматҳои кӯҳии ноҳияҳои  тобеи марказ ва ғарби вилояти Бадахшон моҳи март ҳаво  тағйирёбанда шуда,  шабона дар ин минтақаҳо аз 2-7 дараҷа хунук то  4 дараҷа гарм  ва рӯзона аз 2-7  то 9-14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  қисматҳои кӯҳии тобеи марказ ва вилояти Бадахшон бориш аз меъёри муқаррарӣ зиёд мешавад. Аввали  моҳ асосан  борону барф мерезанд. Нимаи дуюми моҳ борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳои вилояти Бадахшон дамо ба меъёри муқаррарӣ наздик  шуда, дар  баъзе ноҳияҳо то 1 дараҷа баланд шудани он дар назар аст. Давоми моҳ  дар ин минтақа ҳаво нисбатан сард шуда, шабона  20-25  ва рӯзона аз 2-7 то  6-11 дараҷа хунук  мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here