Дар Тоҷикистон дар умум 79 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 25 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии  хурд ва 31 фонди қарзии хурд фаъолият доштааст.

Бино ба иттилои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ва уҳдадории умумии онҳо то охири соли 2018-ум мутаносибан 21,2 миллиард ва 15,3 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба аввали сол ҳаҷми дороиҳо 1,2 фоиз ва уҳдадориҳо 0,6 дарсад зиёд гардидааст.

— Пасандозҳо низ дар соли 2018-ум 9,7 миллиард сомониро дарбар гирифт, ки назар ба соли 2017-ум 5,0 дарсад бештар аст. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 15,1 дарсад афзоиш ва бо асъори хориҷӣ 3,6 дарсад коҳиш ёфт. Айни замон бақияи умумии пасандозҳои шаҳрвандони кишвар бо пули миллӣ 49,0 % ва бо асъори хориҷӣ 51,0 дарсадро ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум мутаносибан 44,6 ва 55, 4 дарсадро ташкил медод. Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳи долларкунонии иқтисодиёти мамлакат тадриҷан паст шуда истодааст, — иброз дошт Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here