Бонки Миллии Тоҷикистон дар як баёнияи нодир Палатаи ҳисобро ба нашри иттилои носаҳеҳ ва латма задан ба обрӯи бонк муттаҳам кард. Дар ин бора Радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар баёнияи бонк аз рӯзи 19-уми июл омадааст, изҳороти Палатаи ҳисоб дар бораи ифшо кардани миллионҳо сомонӣ зарари молӣ дар Бонки миллӣ “боиси афкори нодуруст дар ҷомеа мегардад ва ба нуфузу эътибори Бонки миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.” Рӯзе аз ин пештар раиси Палатаи ҳисоб дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки “ҳангоми санҷиши фаъолияти шашмоҳаи Бонки миллии Тоҷикистон ва «Амонатбонк» санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор карда шудааст.”

Дар баёния омадааст: “ошкор гардидани зарари молиявӣ дар фаъолияти Бонки миллӣ саҳеҳ набуда, асоси воқеӣ надорад. Муассисаи марказии молии Тоҷикистон гуфтааст, маълумоти Палатаи ҳисоб дар хусуси ба маблағи 8,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ собитшуда нест ва “ба унсурҳои зарари молиявӣ ҳаргиз мутобиқат намекунад.”Бонки миллӣ мегӯяд, ин маблағ аз ҷумла молиёт аз истифодаи роҳ аст, ки муассиса онро пардохтааст ва санади расмии онро ҳам дорад. Дар баёния омадааст, “Бонки миллии Тоҷикистон маблағи андозро мустақилона ва бо тасмими худ, бе ягон тавсияву пешниҳоди санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба буҷети давлатӣ интиқол додааст.”

Бонки миллӣ гуфтааст, баъди санҷиш бонк ба ҳукумат ва палатаи ҳисоб гузориш дод, вале Палатаи ҳисоб онро ба эътироб нагирифтааст. Бонки миллӣ аз Палатаи ҳисоб хостааст, дигар чунин маълумоти носаҳеҳро дар бораи ин бонк нашр накунад. Дар Тоҷикистон бисёр кам иттифоқ меафтад, ки як ниҳоди давлатӣ, ниҳоди дигареро ошкоро танқид кунад ва онро ба беобрӯ кардани худ муттаҳам намояд.

Акс аз «Озодӣ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here