Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2017-ум 61,1 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,1 дарсадро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 0,2 дарсад зиёд будааст. Дар ин давра сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, 6,7 фоизро ташкил додааст, ки дар муқоиси бо соли 2016-ум 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз, 9-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ин бора маълумот дода, ҳамчунин гуфт, соли 2017 барои таъмини гардиши муътадили асъори миллӣ вобаста ба талаботи иқтисодиёт 5 миллиард сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуд, ки назар ба соли 2016 ба андозаи 2,5 фоиз зиёд мебошад.

— Феълан дар Тоҷикистон 84 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 7 ташкилоти қарзии хурд ва 33 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар соли гузашта 7,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2016-ум 1,3 фоиз кам мебошад. Дар ин давра миқдори дорандагони кортҳои пардохт дар муқоиса бо соли 2016-ум 4,2 фоиз зиёд гардида, 1 миллиону 672,4 ҳазор нафарро ташкил дод, — гуфт Нурмаҳмадзода.

Гуфта шуд, айни ҳол фаъолияти 55 ташкилоти қарзии хурд ва 2 бонк қатъ карда шудааст, ки сабабаш иҷро накардани уҳдадориҳои бонкӣ, аз ҷумла ҷалб накардани сармояи хориҷӣ, фаъолият хуб надоштан ва дигар талаботи бонкӣ будааст. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, қурби асъори миллӣ дар муқоиса бо доллари ИМА дар солҳои оянда низ дар ҳаҷми то 9 сомонӣ барои 1 доллар нигоҳ дошта шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here